кран — I [کرن] ҳол 1. даҳанпӯши лӯлаҳои обу газ ва ғ. 2. миле, ки аз он об ҷорӣ мешавад, ҷуммаки лӯлаи об II [کرن] олм. таҷҳизоти механикӣ – мошин барои бардоштан ва аз ҷое ба ҷои дигар интиқол додани бор: крани борбардор, крани тобхӯранда, крани чорпоя … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
соқа — I [ساقه] а 1. пояи растанӣ (гандум, гул ва ғ.), тана 2. поя (мас., пояи чорпоя) II [ساقه] а. кит. қисми ақибгарди лашкар, он қисми лашкар, ки аз ақиби қисми асосӣ меояд, ақибгард III [ساقه] а. кит. зонубанди оҳанин … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тахт — I [تخت] 1. курсӣ ё нишемангоҳи чорпоя аз оҳан ва чӯб 2. нишемангоҳи махсусе, ки подшоҳ дар маросимҳо бар он менишаст; тахти равон тахти махсусе, ки пирон ва беморонро хобонда, чор кас бардошта мебурданд; аз тахт фуровардан аз подшоҳӣ бекор… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чаҳорпоя — [چهارپايه] ниг. чорпоя … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чорпо — [چارپا] 1. ҳайвоне, ки чор пой дорад 2. ҳайвоноти хонагӣ, чорво: чорпоя давидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ